Дар Душанбе cеминари минтақавӣ дар мавзӯи “Барқароркунии манбаъҳои энергия бо истифода аз технологияҳои ҳастаӣ” ҷараён дорад
7 апрел дар доираи баргузории «Даҳаи илми академии тоҷик»дар шаҳри Душанбе семинари илмии минтақавӣ дар мавзӯи “Барқароркунии манбаъҳои энергия бо истифода аз технологияҳои ҳастаӣ” оғоз гардид, ки он то 11 апрели соли 2025 идома меёбад.
Семинари мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ташкил шуда, ба масъалаҳои ҳамгироии истифодабарии технологияҳои ҳастаӣ дар энергияи офтоб, шамол ва гидроэнергия, ҳамзамон омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ вабаста ба истифодабарии нерӯгоҳҳои ҳастаӣ бахшида шудааст.
Ин чорабинӣ барои муҳокимаи дастовардҳои илмӣ ва роҳҳои амалии истифодаи технологияҳои муосир дар шароити Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки дар он олимон, мутахассисон ва намояндагон аз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ассотсиатсияи манбаҳои барқароршавндаи Тоҷикистон, Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ – ҳамчун ҳамоҳангсози миллии АБНА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ донишҳои худро мубодила намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи гидроэнергетика пешсаф аст ва ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” мебошад, аз семинари мазкур ҳамчун имконияти мустаҳкам намудани мавқеи худ дар энергетикаи минтақавӣ истифода мебарад. Дар доираи чорабинӣ баргузори мизҳои мудаввар, муаррифии технологияҳои муосири энергетикӣ дар назар аст.
Намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур барои кишварҳои минтақа имкони хуби омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти энергетикӣ хоҳад буд.
Иқдоми мазкур ҳамчун қисми талошҳои кишвар ҷиҳати рушди устувори энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ арзёбӣ мегардад.